Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 бо иштироки рӯзноманигорон нишасти хабарӣ доир гардид.
Раиси кумита Баҳодур Шерализода ба саволҳои рӯзноманигорон перомуни дастоварду муваффақиятҳо ва камбудиҳои ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷавобҳои мушаххас дода иброз дошт, ки дар доираи “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мутобиқи моддаҳои 4.1 ва 12.1 Конвенсияи СММ оид ба тағирёбии иқлим таҳияи Гузориши панҷуми миллӣ оид ба тағирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.