Тими мунтахаби футзали Эрон ғолиби мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» гардид

Аз 25-ум то 30-юми июл дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишӣ обии шаҳри Душанбе аввалин мусобиқа миёни тимҳои миллии футзал, таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ доир шуд, ки дар натиҷа тими миллии Эрон барандаи Ҷоми футзали CAFA-2023 гардид.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқа бо тими миллии Эрон рақобат намуд. Бозӣ бо натиҷаи 0:1 бар суди футзалбозони Эрон хотима ёфт.

Дар вохӯриҳои дигари ин давр футзалбозони Ӯзбекистон тавонистанд, ки футзалбозони Қирғизистонро бо натиҷаи 4:0 шикаст диҳанд. Дар баробари ин тими милли Афғонистон низ бар муқобили Туркманистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба намуд.

Ҳамин тариқ мунтахаби футзали Эрон барандаи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» гардид, ки дар 5-бозии анҷомдодааш 12-имтиёз ба даст овардааст. Медалҳои нуқраро бо касби 10-имтиёз тими милли Афғонистон соҳиб шуд. Зинаи сеюми ифтихорӣ бошад, бо касби 9-имтиёз насиби футзалбозони Ӯзбекистон гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 7-имтиёз дар зинаи 4-қарор гирифт. Футзалбозони тоҷик бо роҳбарии Пайрав Воҳидов бар дастаҳои Туркманистон (4:2) ва Қирғизистон (5:3) ғолиб омада, бо Афғонистон (2:2) мусовӣ карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (2:4) ва аз Эрон (0:1) шикаст хӯрд.

Дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» – Ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Юсуф Коргар, дабири кулли CAFA Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов иштирок карданд.

Дар натиҷа ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Тоҷикистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозингари тими миллии Ӯзбекистон Ҳусниддин Нишонов дониста шуд, ки ба задани 5-гол даст ёфт. Дарвозабони эронӣ Маҳдӣ Ростамӣ беҳтарин дарвозабони ин мусобиқа интихоб шуд. Уммон Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ бошад беҳтарин бозингари мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» аз тими миллии Эрон эътироф гардид.