Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии лоиҳаи силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» дар феҳрести асосии ЮНЕСКО пазируфта мешавад. Ин нуктаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ , ки ҳоло ҷараён дорад изҳор намуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни нишаст хабар додааст.
Бинобар иттилои вазири фарҳанги кишвар парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодкардаи кишвар баҳои мусбат гирифта, ба рузномаи иҷлосия ворид карда шудааст.
Зикр гардид, ки , ки Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО моҳи сентябр дар Арабистони Саудӣ (ар-риёз) баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ёдгориҳои долони Зарафшон-Қароқум, ки ба ин силсилаҷоиза пешниҳод шудааст, аз нуҳ адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ иборат мебошад, ки ин ёдгориҳо Муғ, Қум, Гардани Ҳисор, (воқеъ дар ноҳияи Айнӣ), шаҳраки Ҳисорак (воқеъ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ), шаҳри Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, низоми обёрикунии Токсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Тали Хамтуда (воқеъ дар шаҳри Панҷакент) мебошанд.