Хатлон: Беҳтарин донандаи «Маснавии маънавӣ» муайян мешавад

Нимаи аввали моҳи сентябр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври дуюми озмуни «Маснавихонӣ» баргузор гардида, даври ниҳоии он ҳафтаи охири моҳи сентябр доир мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, озмун аз рӯйи як номинатсия – «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардида, иштирокчиён ба чор гурӯҳ- хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо мешаванд.

Дар озмун номзадҳо ва докторони илми филология, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти ҳамаи зинаҳои таҳсил иштирок намуда наметавонанд.

Мақсад аз баргузории озмун- арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа, эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷик мебошад.

Даври якуми озмун моҳҳои июл-август дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо доир шуда, даври дуюм нимаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки ғолибони ҷойҳои якуми шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюм – ниҳоии озмун ҳафтаи охири моҳи сентябри соли равон барои ғолибони ҷойҳои якуму дуюм аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.

Барои қадрдонӣ намудани ғолибони даври вилоятии озмуни «Маснавихонӣ» 12 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ» (ба муносибати 800-солагии Мавлоно аз ҷониби ЮНЕСКО эълон гардида буд), ки 8 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «Шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем. Дар Ватани азизи мо — Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ — «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шакарини тоҷикӣ шинохта шудааст».

Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд.

Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ гузаронида мешавад.