Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – абармарди арсаи сиёсат ва ифтихори тоҷикони ҷаҳон” баргузор гардида истодааст.
Дар Конференсия муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорати тандурустии ва илми кишвар, намояндаи Вазорати маъориф ва илм, инчунин дигар ҷавонону кормандони фаъоли касбу корашон гуногун ва намояндагони ВАО иштирок доранд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва обод кардани давлатамон хело зиёд аст ва бозгӯи кардани ҳама хизматҳои шоистаи ин фарзонафарзанди миллат дар доираи як конфаронсия ғайриимкон аст. Зеро ташаббусҳои Президени мамлакатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо фарогири як давлат, балки тамом ҷаҳон мебошанд. Сарвинози С.