Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ муноқиша дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғистонро шарҳ дод

24 июли соли равон, соати 17:30 дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Тавре дар хабар омадааст, қатораи мошинҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт. Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи «Оқсой» қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.

Баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима дода шудааст.

Ба маълумоти манбаъ, вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муътадил аст. Комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.