Санаи 21 июли соли дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҷаласа доир гардидааст, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар ибтидои ҷаласа муовини вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, моҳияти масъалаи баррасишаванда- иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро шарҳ дод. Зиёдулло Абдулзода қайд намуд, ки дар Барнома вазифаҳои ҳар ниҳод ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Бинобар ин, зарур аст, ки вазифаҳои худро бомасъулият иҷро намуда, амалишавии саривақтии Барномаи мазкурро таъмин кунем.
Сипас, гузориши мудири бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва муовинони раисони ноҳияҳо оид ба иҷрои Барнома шунида шуд.
Қайд гардидааст, ки сохтмони муассисаҳои томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, кӯдакистонҳои мавсимӣ ва оилавӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, таъмир ва азнавсозии майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон, баргардондан ва барқарор намудани муассисаҳои таълимии томактабие, ки фаъолияташонро бо сабабҳои гуногун қатъ кардаанд ва ғайримақсад истифода мегарданд, аз талаботҳои асосии Барнома мебошанд.
Дар ҷаласа аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва маблағгузорӣ намудани Барнома, ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша тадбирандешӣ намуда, дар иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи обуна шудан ба рӯзномаву маҷаллаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф хоҳиш карда шуд, ки дар масъалаи мазкур вазъи иҷтимоии омӯзгоронро ба инобат гиранд.