17 июли соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар форуми сатҳи баланд дар сатҳи вазирон оид ба рушди устувор дар мавзуи «Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» иштирок ва суханронӣ намудааст.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад, Завқизода қайд намудааст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи ҲРУ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла дар ин давра рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромадҳои пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфтанд.
Инчунин дастрасӣ ба оби нушокӣ, маориф, тандурустӣ ва неруи барқ беҳтар гардид. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи 2019 то 19,5 фоизи соли 2022 коҳиш ёфт.
Ҳамзамон қайд гардидааст, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 – уми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якдилона бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ қабул гардид ва 21 март ҳамчун рӯзи Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардид.
Ташаббусҳои мазкур барои амалӣ намудани ҲРУ 6 ва 13 нақши муҳим мебозанд.
Тасмими ҷиддии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани ҲРУ таъкид гардида, аз намояндагони давлатҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дархост гардид, ки кӯмаку дастгириҳои молиявию техникиро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рӯзномаи 2030 зиёд намоянд.
Қайд бояд кард, ки аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбари ҳайат Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлими Олӣ Ализода З., муовини вазири молия Қурбониён С., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳабибзода Ф., муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф., Референти калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода М., сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувориси В., Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мадҷон М., Котиби якуми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Рамазонов Б. Ва Директори маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода М. иборат буд.