Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии Вазорати кишоварзӣ натиҷаҳои рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзиро ба ҳолати 14.07.2023 мунташир кардааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
Дар асоси маълумоти фаврӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Аз он майдони 207887 гектар даравида шуд, ки ҳосилнокӣ 33,0 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии ҳосили гандум
Ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.
Майдони даравидашуда 166288 гектар буда, ҳосилнокӣ 35,7 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот
Ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Майдони ҷамъоваришуда 25650 гектар буда, ҳосили умумӣ 801030 тонна ва ҳосилнокӣ 312 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз он пиёз 444083 тонна, карам 34461 тонна, помидор 110995 тонна, бодаринг 84615 тонна, сабзӣ 81826 тонна ва дигар сабзавотҳо 45050 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии картошка
Ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 33523 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 9278 гектарро ташкил дода, ҳосилнокӣ 184 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо
Ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 10167 гектар буда, ҳосилнокӣ 292 сентнер ва ҳосили умумӣ 297249 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 14.07.2023 мевагиҳо 127978 тонна ва ангур ҷамъоваришуда 1781 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар ҷумҳурӣ дар майдони 159988,3 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Аз он: ғалладонагиҳо 101087 гектар, картошка 14 гектар, сабзавот 16569 гектар, полизӣ 7036 гектар, зироатҳои техникӣ 3137 гектар ва хӯроки чорво 32146 гектар.