Эълон: Баргузории мизи мудаввар доир танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои иштирок дар мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: афзалиятҳо ва натиҷаҳои ноилшаванда” даъват намудааст.

Тавре сомонаи расмии ин Вазорат эълом намудааст, ҳамоиши мазкур 21-уми июли соли 2023 соати 10:30 дар бинои Вазорат воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/2, бинои вазорат, ошёнаи чорум баргузор мешавад.

Шахси масъул: Файзуллоев Фаррух

Тел: 93-738-22-66, 98-745-0000 250-32-36