Китоби Муҳаммад Ғоиб рӯнамоӣ шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллӣ рӯнамоии китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо номи «Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Шоири халқии Тоҷикистон – Муҳаммад Ғоиб, ҳамчунин олимону шоирон, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони шеър иштирок намуданд.

Дар оғози рунамоӣ Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб аз ҷумлаи шоирони Ватанпарвар ва Ватанситои тоҷик аст, ки муҳтавои меҳварии ашъори ӯро Ватан, муқаддасоти миллӣ ва ҳар зарра хоки кишвари азизамон ташкил медиҳад. Ӯ бо ашъори мондагор ва баландмазмуни худ дар замони имрӯз мавқеи намоёнро соҳиб гаштааст, мегӯяд Ҷумахон Файзализода.

Дар идома муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа баромад карда, қайд намуд, ки устод Муҳаммад Ғоиб дар баробари истеъдоди шеърнависӣ доштан, инчунин публисисти варзида низ ҳастанд. Ба андешаи Ато Мирхоҷа Муҳаммад Ғоиб ба тариқи адабиёти бачагона вориди пайроҳаи эҷод гардиданд ва шеърҳои хуби бачагона ҳам доранд. Муҳаммад Ғоиб дар эҷоди шеърҳои суннатӣ низ маҳорати хосса дорад.

Ҳамчунин дар идомаи рунамоӣ Аскар Ҳаким – Шоири халқии Тоҷикистон, Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, директори “Тарғиби адабиёт” – и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аламхон Кучарзода- адабиётшинос, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Толиб Луқмон шоир, мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ карда, андешаҳои худро доир ба фаъоляти эҷодии устод Муҳаммад Ғоиб баён доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо номи «Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» дар Нашриёти «Меҳроҷ Граф» бо теъдоди 250 нусха дар ҳаҷми 264 саҳифа аз чоп баромад. Маҷмӯа аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ, зерқисмҳо ва кӯмакфеҳристҳо иборат мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон