Таъсиси Гурӯҳи корӣ барои тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят

Оид ба ҳолатҳои истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби мутахассисони пуртаҷриба Гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят ба Кодекси мазкур ворид карда мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, илова мекунад, ки тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан ва таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт ҷиноят ҳисобида шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд.