Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок намуда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, бояд то 9 июл аз нав ариза пешниҳод намоянд.
Ба иттилои марказ, тибқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.
Даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо 12 июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштироки довталаб дар даври иловагии ИМД бояд пешакӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурӣ ё тавассути барномаи мобилии «Амонатмобайл» (то 9 июл) пардохт карда шавад.
Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1 то 7 июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб, аз ҷумла насаб, ном ва номи падар дар шакли пурра тибқи шиноснома ва ҷойи истиқомат, инчунин рақами расиди бонкӣ дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи довталаб илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9 июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 7 июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Ҳарчанд дар ариза қайд кардани рақами расиди бонкӣ кофист, лекин довталаб метавонад ба ариза расиди бонкӣ ё нусхаи онро замима кунад.
Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ (office@ntc.tj) пешниҳод намоянд. Дар ин сурат довталаб бояд варақаи аризаро аз сомонаи Марказ чоп ва онро тибқи талаботи дар боло зикргардида пур кунад, баъдан аризаи пуркадаашро тавассути намогир (сканер) намобардорӣ карда, ба Марказ фиристад.
Маълумоти бештарро довталабон метавонанд аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.ntc.tj» дастрас намоянд.