Намояндаи Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои фарҳанг ва рушди устувор иштирок намуд

5 июли соли 2023 дар қароргоҳи СММ муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои фарҳанг ва рушди устувор дар мавзӯи “Фарҳанг ҳамчун дастоварди ҷамъиятии ҷаҳонӣ: рафъи камбудиҳои татбиқи ҳадафҳои рушди устувор пас аз соли 2030” баргузор гардид. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Чорабинии мазкур таҳти раисии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷ. Ҳикмат доир гашт.

Мавсуф зимни ин ҳамоиш аз аҳаммияти фарҳанг барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 гуфта, фарҳангро василаи ҳувият ва таҳрикдиҳандаи эҷодкорӣ ва навоварӣ номид.

Дар ин муколама инчунин Л. Стоева, Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ СММ ва Милагрос Герман, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Доминикан шикат намуданд.