Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2023 рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон сурат гирифт. Тоҷикистонро дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ карда, ба гирифтани ҷои 5-ум даст ёфт.
Беҳрӯз, ки дар дар даври аввал озод буд, рақобатҳоро аз даври дуюм бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Вон Ҳи Лӣ оғоз кард. Дар марҳилаи 1/4 финал варзишгари Финландия Валтери Олинро мағлуб намуд, лекин дар нимфинал аз намояндаи Ҷопон Кен Ойоши ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари мизбон Эрденебайар Батзая шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари кишвари мо дар вазни -66кг Обид Ҷебов ба гирифтани медали нуқра даст ёфта буд.
Фардо 25-июн мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2023 – бо рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон ба анҷом мерасад. Тоҷикистонро дар ин рӯз Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва дар вазни +100кг Мансур Раҳмон намояндагӣ мекунанд.