Имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”, инчунин намоши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулотҳои аз зардолу омодашуда, зардолу, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ, баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Нуриддин Саид, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоқикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, иштирок намуданд.
Дар боғи Ирами шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар кишоварзон ҷамъ омада, маҳсули дастранҷи худро ба монанди навъҳои гуногуни зардолу, себ, олу, ангуру шафтолу ва хушкмеваҳо ба маърази тамошо гузоштаанд. Пас аз анҷоми боздиди намояндагони ҳукумати мамлакат, Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода баромад карда, иброз намуд, ки дар ниҳоди ҷашни Тиргон як силсилаи мазмуну муҳтавои пешрафти ҷомеи мо дар заминаҳои моддию маънавӣ акс ёфтааст ва ҳамаи инро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни аҷдодиамонро аз нав эҳё намуданд.
Дар идомаи маросим барои иштироки фаъолона бахшида ба ҷашни Тиргон иди Зардолу ва “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” дипломи дараҷаи 1 ба кишоварзони аилояти Суғд ва дипломи дараҷаи 2 ба кишоварзони вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҶТ ба як қатор фаъолон ва олимони соҳаи кишоварзии мамлакат диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Дар наминатсия ғалакори беҳтарин ноҳияи Шаҳринав сазовори ҷойи аввал гардид. Ба таъкиди Рузибой Муқимов сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳринав имсол дар ин ноҳия навъҳои гуногуни гандум кишт карда шуда, аз ҳар як гектар замин 50 то 55 сентнер гандум ҷамъоварӣ гардид.
Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ барои содирот намудани маҳсулҳои кишоварзӣ ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат низ мусоидат менамояд. Тавре Мирзохон Гулмаҳмадзода сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кулоб мегӯяд, имрӯзҳо кишоварзони вилояти Хатлон ба хусус кишоварзони минтақаи Кулоб бунёди боғҳои содиротиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, талош бар он доранд, ки маҳсулоти ин боғҳоро дар шакли хушкмева банду баст намуда, барои содирот пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон маҳсуб ёфта, онро мардуми заҳматкаш ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил мекардаанд ва ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад. Имсол бори аввал буд, ки ин ҷашн бо шукӯҳ ва шаҳоиати хосса дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе таҷлил гардид.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”