Имрӯз дар Муассисаи ҷумҳуриявии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ” баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони маркази мазкур ширкат варзиданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини директори Муассисаи ҷумҳуриявии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино оғоз гардида, сипас аз ҷониби кормандони марказ маърӯзаҳо дар атрофи масъалаҳои ҳуқуқиву таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ироа гардид. Хусрав Раҷабзода омӯзгори иттиҳодияи таълимии фанни ҳуқуқи инсони Маркази таълимӣ зимни суханронӣ вожаи ваҳдатро шарҳ дода, афзуд, ки вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.
Дар идомаи конфронс Зоири Асадулло, корманди иттиҳодияи таълимии фанни таърихи Маркази таълимӣ маърӯза карда, заминаҳои ноил гардидан ба ваҳдату якдилии тоҷиконро шарҳ дода, таъкид кард, ки таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ боиси сар задани ҷанги бародаркӯш ва марги ҳазорҳо тан мардуми ватандӯст, инчунин ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гашта, мамлакатро ба қонуншиканию бесарусомониҳо оварда расонид.
Дар фарҷоми конфронс дар робита ба маърӯзаҳои шунидашуда, табодули афкор сурат гирифта, зикр шуд, ки барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолу якдилӣ ҳар як фарди баномуси миллатро зарур аст, ки зиркаии сиёсиро аз даст надода, дар самту соҳаҳои мухталиф фаъолияти некбинона дошта бошанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”