“Боҷу хироҷ”: 35 сарояндаи тоҷик наздики 500 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор ҳастанд  (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 июн мақолае бо номи “Ваҳдати миллӣ шиор не,  шуур бояд бошад”  чоп карда, навиштааст, ки ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид карданд: «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Ба таъкиди муаллиф,  маҳз дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 июн бо чопи матлабе масъалаи мушкилоти суръати пасти интернетро дар ВМКБ матраҳ кардааст.  Муаллифи мақола навиштааст,  бо вуҷуди он ки  сол ба сол арзиши хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ баланд мешавад, аммо мизоҷон  ҳамоно аз сифати пасти алоқа ва суръати пасти интернет шикоят мекунанд.

Ба навиштаи муаллиф, суръати пасти интернет ва дар баъзе маврид умуман қатъ шудани он мушкилоти зиёдеро дар рӯзгори ҳамарӯзаи мардум ба бор меоварад. Аз ҷумла дар ин замина муаллиф зикр мекунад, ки айни замон садҳо нафар ҷавонон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва дар заминаи таҳсилоти фосилавӣ ҷавонон бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.

Муаллиф дар фарҷом савол гузоштааст, ки оё рӯзе мерасад, ки алоқаи мобилӣ дар мо ҳам бо суръату сифаташ ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар шавад?

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 июн мақолае бо номи “Минтақаи Кӯлоб: Чаро қарзи барқ рӯ ба афзоиш аст?” чоп карда, мушкилоти пардохти пули барқро матраҳ кардааст.

Муаллиф аз қавли Баҳром Ҳикматзода роҳбари тиҷоратии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Кӯлоб навишт, ки қарзи истифодаи нерӯи барқ ба беш аз 390 миллион сомонӣ расида, аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи аҳолӣ мебошад.

Номбурда афзуд, ки бештари қарз ба Идораи обу корези шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи равшанидиҳии шаҳр рост меояд.  Дар як моҳ Идораи обу корези шаҳр ба маблағи 280 — 300 ҳазор сомонӣ неруи барқ истифода мекунад. Аммо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ месупораду халос. Муассисаи равшанидиҳии шаҳр дар чор моҳи соли 2023 ягон сомонӣ напардохтааст, — гуфт Баҳром Ҳикматзода.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 14 июн мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо донишманди эронӣ, мавлавишиноси маъруф, Карим Замониро чоп кардааст. Карим Замонӣ, ки муаллифи китоби  “Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ” аст, чанд муддат меҳмони Тоҷикистон буд. Карим Замонӣ дар мавриди шахсияти Мавлоно таъкид мекунад, ки вай андешаманду муттафакирест, ки ваҷҳи умумӣ дорад, фирқавӣ нест.

“Аслан Мавлоно аз фирқаву фирқабозӣ ҳарф назадааст, Мавлоно мутаъллиқ ба башарият аст, афкораш ҷанбаи ҷаҳонватанӣ дорад”- таъкид кардааст Карим Замонӣ.

Дар матлаби дигари нашрияи “Тоҷикистон” шикояти сокинони маҳаллаи  Испечак-2 ва Зарафшони пойтахт аз беобӣ матраҳ шудааст.  Сокинони ин маҳаллаҳо аз он шикоят кардаанд, ки ҳар шаб аз соати 12-и шаб то 5-и субҳ интиқлои оби ошомиданӣ ба биноҳои баландошёна қатъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон масъулини Корхонаи обу корези Душанбе дар мавриди сабабҳои чунин ҳолат ба мардум посух гуфта наметавонанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 15 июн дар мусоҳиба бо Иматшо Нодирзода раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Вазоарти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мавзӯи сафарбар кардани неруи корӣ ба кишварҳои хориҷиро матраҳ кардааст.

Нодирзода дар ин маврид гуфтааст, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон 32 ширкат иҷозати сафарбар намудани муҳоҷирони корӣ ба хориҷи кишварро доранд, аммо фаъолияти онҳо назаррас нест.

Ба гуфтаи вай  дар се моҳи соли ҷорӣ танҳо 795 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби 14 ширкат расман барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд.  Аз сӯи дигар Нодирзода иттилоъ додааст, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ наздики 345 ҳазор шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Аз ин шумора 96 дарсад муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия кору фаъолият доранд.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” нашрияи Кумитаи андоз дар шумораи рӯзи 15 июн  навиштааст, ки 35 нафар овозхони номдори Тоҷикистон наздики 500 ҳазор сомонӣ аз пули андоз қарздор ҳастанд.

Ҳафтаномаи мазкур, таъкид кардааст, ки  теъдоде аз сарояндагон ва ҳунармандони тоҷик аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ сарпечӣ мекунанд.

Ин нашрия навиштааст, ки дар миёни 35 нафар аз ҷумла: Сангалӣ Мирзоев, Нобовар Чаноров, Ҳабиба Давлатова, Суруш Холов ва Фарзонаи Хуршед қарор доранд. Зикр мешавад, ки дар умум бо назардошти қарзи пешина, маблағи андозҳои пардохтнашуда аз ҷониби сарояндагон 487 ҳазору 848 сомонӣ аст.

Дар баробари ин дар ин матлаб номи 54 ҳунарманд ва сароянда оварда шудааст, ки умуман аз қайди мақомоти андоз нагузашта, фаъолият мекунанд.

Аз сӯи дигар нашрияи “Боҷу хироҷ” таъкид кардааст, ки имрӯзҳо шумораи зиёди ҳунармандон аз ҷумла, санъаткорон дар баробари фаъолияти сарояндагӣ, боз ба фаъолияти блогерӣ машғул гардида, шабакаҳои иҷтимоиро манбаи даромади худ қарор додаанд, аммо даромадҳои аз ин ҳисоб бадастовардаи худро ба  мақомоти андоз пешниҳод намекунанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”