Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон студияи таълимии “Телевизиони ДМТ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар маросими кушодашавии бинои студияи таълимии Телевизион Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазари мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки дар арафаи истиқболи рӯзи Ваҳдати миллӣ аз саросари мамлакатамон паёмҳои созандагӣ мерасад. Яке аз ин созандагиҳо ба фаъолият оғоз намудани студияи таълимии Телевизиони ДМТ мебошад. Ҳамчунин Матлубахон Сатториён, муовини сарвазари мамлакат илова намуд, ки имрӯз дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе боз як бинои истиқоматӣ барои устодони ДМТ ба истифода дода шуд, ки ин ҳама самараи сулҳу субот ва таваҷҷуҳи хоса доштани Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф мебошад.
Ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи студияи таълимии “Телевизиони ДМТ” Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки дар арафаи истиқбол аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ба фаъолият шурӯъ намудани як дастгоҳи муқтадир, яъне студияи таълимии “Телевизиони ДМТ” падидаи бисёр фараҳбахш мебошад, зеро асри равон асри иттилоот аст ва иттилоот зуҳуроти амнияти иттилоотиро рӯи кор овард. Ба таъкиди Нуриддин Саидов раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон кишвар, ҳамон халқу миллат итиқлолияти давлатиашро ҳифз карда, дар таърих ҳазорсолаҳои минбаъда пойдор монда метавонад, ки соҳиби воситаҳои пурзур ва мукаммали амнияти иттилоотӣ бошад.
Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки факултаи журналистикаи ДМТ манбаи асосии таёр кардани ихтисосмандони соҳаи ВАО мебошад ва бо назардошти ин ҳадаф сол то сол пойгоҳи моддию техникӣ дар факултет беҳтар мегардад. Ба андешаи Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон студияи таълимии “Телевизиони ДМТ” барои дар давраи донишҷӯӣ омода гардидани донишҷӯёни факултаи журналистика ҳамчун мутахассис заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар идомаи маросими ифтитоҳи студияи таълимии “Телевизиони ДМТ” Нуриддин Саидов раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки минбаъд бо дастгири Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ дар факултети журналистикаи ДМТ озмун ба роҳ монда шуда, барои 10 нафар донишҷӯёни фаъоли ин факулта стипендияи яквақтаина дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва барои магистрантону докторантон ду стипендияи яквақтаина дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”