Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2023 ба маблағи 4898,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2022 ба маблағи 567,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. Соли равон барои сохтмону навсозии биноҳои маъмурӣ ва таълимӣ барои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ маблағи 17,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки маблағгузории он тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ шуда истодааст. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он», ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа роҳбарияти вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Итиҳодияи милии маъюбони Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсони имконияташон маҳдуд зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.