Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи «Russian judo tоur» иштирок мекунад

Рӯзҳои 24-25 июн дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian judo tоur» баргузор мешавад, ки дар ин мусобиқа ҷудокорони тоҷик низ ширкат мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг миёни мардон ва дар вазнҳои -63кг, -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон сабқат мекунанд. Дар рӯзи дуюм бошад, мардон дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг бо ҳам қувва месанҷанд.

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6-варзишгар ҷиҳати иштирок ба Челябинск сафарбар мешаванд:

Дар вазни -60кг – Ҳакдод Гулов
Дар вазни -66кг – Суҳроб Боқиев
Дар вазни -73кг – Абубакр Шеров
Дар вазни -81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
Дар вазни -100кг – Улуғбек Раҳимов
Дар вазни +100кг – Иброҳимҷон Элмуродов

Ҷудокорони тоҷикро дар ин сафар раиси Комиссияи доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев ҳамроҳӣ мекунад.

Дар мусобиқа иштироки то 400-варзишгар аз кишварҳои Россия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.