Нимаи дуюми рӯзи 15-июн маросими қуръакашии Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 баргузор гардид, ки дар натиҷа ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа муайян гардиданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Qazaqstan Barysy Grand Slam-2023, 334-варзишгар (190-мард, 144-зан) аз 42-кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Мусобиқаи мазкур имрӯз 16-июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа 17-июн мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг ва бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг қувваозмоӣ мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа 18-июн рақобатҳо миёни мардон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ва миёни бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг ба нақша гирифта шудааст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки дар рӯзи аввали мусобиқа 4-варзишгар – дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қуватов ва Меҳрзод Суфиев, дар вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов муаррифгар ҳастанд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар рақобати аввалинаш бо Артисиом Коласау (IJF) ва Меҳрзод Суфиев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ҷошуа Катз (Австралия) рақобат мекунанд. Эмомалии Нуралӣ рақобатро аз даври дуюм муқобили Карамат Ҳусейнов ва Обид Ҷебов низ дар даври дуюм бо Камран Сулаймонов, ки ҳарду варзишгарони Озарбойҷон мебошанд, рақобатҳоро оғоз менамоянд.
Дар рӯзи дуюми рақобатҳо Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев кишвари моро муаррифгар мебошанд, ки Шодмон дар рақобати аввалинаш бо варзишгари Ӯзбекистон Мусо Собиров ва Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳасан Халмурзаев (IJF) / Тизие Гнамиев (Фаронса) қувваозмоӣ мекунанд.
Дар рӯзи сеюми Qazaqstan Barysy Grand Slam 4-варзишгари дигар Умедҷон Раҷабов дар вазни -90кг, Исроил Раҳимов дар вазни -100, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг барои ба даст овардани нишонҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Аввалин шуда дар ин рӯзи рақобатҳо Умедҷон Раҷабов дар рақобати аввалинаш бо Тристани Мосахлишвили (Испания) сабқат мекунад. Сипас Исроил Раҳимов дар вазни -100кг бо Зелимхан Башаев (Баҳрайн) барои роҳ ёфтан ба даврҳои баъдӣ нерӯ месанҷад. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм муқобили намояндаи Фаронса Жозеф Терҳек оғоз мекунад. Шакармамад Мирмамадов бошад дар рақобати аввалинаш бо Азамат Чотчаев аз Баҳрайн рӯи татамӣ мебарояд.
Сорбон Амонуллозода