Мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё Уқёнусия миёни варзишгарони биноияшон суст, наврасон, ҷавонон, калонсолон ва устодон 13-медал – 1-тилло, 3-нуқра ва 9-биринҷиро соҳиб шуданд. Мусобиқа аз 7-ум то 11-уми июни соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба самбо байни варзишгарони биноияшон суст беш аз 600-варзишгар аз 30-кишвари қора иштирок намуданд.
Бояд қайд намоем, ки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд.
Варзишгарон Шоҳрух Назаров дар вазни то 79кг медали нуқра, миёни наврасон, Анўшервон Назарзода дар вазни то 58кг, медали тилло, Абдулло Қурбонов дар вазни то 71кг, медали нуқра ва Муҳаммад Саидзода дар вазни то 64кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.
Миёни ҷавонон Мусохон Ғаниев дар вазни то 79кг, медали нуқра, Мусаниф Миробов дар вазни то 58кг, бо Умар Мирзоев дар вазни то 64кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 88кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор шуданд.
Миёни бузургсолон Сорбон Латипов дар вазни то 64кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79кг, Зафар Олимшоев дар вазни то 88кг, Бахтовар Замиров дар вазни то 98 кг ва Бобоҷон Бобоев дар вазни +98кг сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.