Рӯзи 9 июни соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ифтитоҳи расмии Маркази минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба рушди иқтидори кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон доир гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ширкат варзидааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ хабар медищад, ки щадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди иқтидори иқтисодии нуҳ кишвар – Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон буда, ба ҷуз аз Ҷумҳурии Қазоқистон, кишварҳои Ӯзбекистон ва Гурҷистон ҷойгир намудани маркази мазкурро дар ҳудуди кишварашон дархост карда буданд ва моҳи октябри соли 2019 ХБА тасмим гирифт, ки он дар шаҳри Алмаато ифтитоҳ карда шавад.
Маркази минтақавӣ дар Алмаато 17-умин Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА ба ҳисоб меравад ва бино ба иттилои раиси шаҳри Алмаато Ерболат Досаев таъсиси он ба табодули таҷриба миёни кишварҳои ширкаткунанда, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни суханронӣ дар ҷаласаи 4-уми “Ҳамкории ХБА бо кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон оид ба рушди иқтидор” намояндагони ХБА ва мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистонро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур таҳният гуфта, қайд кардааст, ки ин санаро метавон санаи таърихӣ номид. Зеро он дар таърихи ҳамкории мутақобилаи ХБА ва кишварҳои минтақа марҳалаи нави ҳамкориро оғоз мебахшад.
Ҳоким Холиқзода ҳамзамон зикр намудааст, ки новобаста ба хуруҷи бемории сироятии COVID-19, аз соли 2021 то ба имрӯз Маркази минтақавӣ ба таври фосилавӣ фаъолият дошт ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, мизҳои мудаввар ва муҳокимаҳои ташкилнамудаи он фаъолона ширкат варзиданд. Зеро чорабиниҳои омӯзишии Марказ доираи васеи мавзуъҳо, аз қабили рушди устувор ва фарогирии молиявии иқтисодиёти кишварҳои минтақа, навовариҳои бахши молиявӣ, ҳамгироии минтақавӣ, асосҳои макроиқтисодии низоми бонкӣ, тағйирёбии иқлим, сиёсати пулию қарзӣ ва фискалиро дар бар мегирифт.