Дар рӯзи охир ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён медали тилло ва Темур Раҳимов медали  нуқра ба даст оварданд

Имрӯз, 4 июн, дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо панҷ вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи охир ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90) медали тилло ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали  нуқра ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойи 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол ва ғайра дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:

Занон

-78 кг

1Анна-Мария Вагнер (Олмон)

2. Олек Анна Монта (Олмон)

3. Ҷордҷа Стангерлин (Италия)

3. Александро Бабинтсева (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

+78 кг 

1. Нунес Рошел (Португалия)

2. Самира Буизгарн (Олмон)

3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон)

3. Даря Владимирова (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

Мардон

-90 кг

1. Комроншоҳ Устопириён (ТОҶИКИСТОН)

2. Элдор Аллахвердиев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

3. Дэвид Кламмерт (Чехия)

3. Элжан Ҳоҷиев (Озарбайҷон)

-100 кг 

1. Матвей Каниковский (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

2. Ниёз Билалов (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

3. Златко Кумрич (Хорватия)

3. Батхуяг Гончигсурен (Муғулистон)

+100

1. Тамерлан Башаев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)

3. Ерасил Кажибоев (Қазоқистон)

3. Магомедомар Магомедомаров (АМА)

Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.