Комроншоҳи Устопирён ва Темур Раҳимов барои медали тиллоӣ Dushanbe Grand Prix 2023 мубориза мебаранд

Имрӯз, 4-уми июн дар рӯзи сеюми Dushanbe Grand Prix 2023 ҷудокорони тоҷик рақобатҳои арзанда нишон доданд. Шоми имрӯз се ҷудокор – Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг барои медали тилло мубориза мебаранд. Инчунин Шакармамад Мирмамадов низ дар вазни +100кг барои медали биринҷӣ рақобат мекунад.

Аввалин шуда дар финали вазни -90кг Комроншоҳи Устопирён бо Элдар Аллахвердиев (IJF) қувваозмоӣ мекунад. Темур Раҳимов бошад дар финал бо Темерлан Башаев (IJF) вомехӯрад.

Сангинвазни дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов барои нишони биринҷӣ бо Магомедомар Магомедомаров мубориза мебарад.

              Сорбон Амонуллозода