Вақти баргузории бозиҳои «CAFA Nations Cup-2023» тасдиқ гардид

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти баргузоршавии бозиҳои «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10-ум то 20-уми июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ намуд.

Дар ин мусобиқа тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалинашро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон доир мекунад. Вохӯрии дастаҳо соати 18:30 дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор мешавад.

Рӯзи 14-уми июн соати 18:30 футболбозони кишвар дар доираи бозиҳои даври дуюм дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо тими Уммон дидор анҷом медиҳанд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 17-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Бозии дастаҳо соати 20:30 дар варзишгоҳи «Бунёдкор» доир мешавад.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мегардад. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳояшон ҷойи дуюмро касб кардаанд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозиҳои финалӣ санаи 20-уми июн дар Тошканд баргузор мешаванд.

                  Сорбон Амонуллозода