Дар доираи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” 20 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии устодону донишҷӯён ва аспирантон дар мавзуи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ: маърифати экологӣ ва таъмини сифати об» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти марбута ва ташкилоту муассисаҳои олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ: маърифати экологӣ ва таъмини сифати об» низ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҳамкории дуҷонибаи корхонаву идораҳои ҷумҳурӣ бо донишгоҳ, баррасӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои дастовардҳои илмӣ – назариявии олимони соҳа ҷиҳати ҳифз ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, технологияи тозакунии об ва баланд бардоштани маърифати истифодабарии об баргузор гардид.
Пас аз анҷоми кори конференсия меҳмонон ва иштирочиён аз намоишгоҳи дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дидан намуданд.