Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон оғоз гардид

Рӯзи 21-уми май, дар Тоҷикистон 4-умин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз гардид. Ин мусобиқа дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад.

Дар даври аввал дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими ҷавонони Эронро шикаст дод.

Вохӯрии дигар дар варзишгоҳи «КМВА»-и пойтахт сурат гирифт, ки футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми мусобиқа бо тими ҷавонони Афғонистон дидор анҷом медиҳад.

                       Сорбон Амонуллозода