Дар Деҳлии Нав китоби нави устоди Донишгоҳи Деҳлӣ, профессор Шариф Ҳусайн Қосимӣ “Китобшиносии дастхатҳо ва осори чопшудаи Мирзо Абдулқодири Бедил” аз сӯи Шӯрои ҳиндустонии умури хориҷӣ (ICWA) мунташир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон хабар доданд.
Мирзо Абдулқодири Бедил (1644–1720) яке аз намояндагони маъруфи адабиёти форсизабони Ҳиндустони асри 18 ба шумор меравад. Бедил дар тақвият ва ҳамгароии фарҳангии сарзамини Осиё, ки дар он ҷо тамаддуни форсӣ ба авҷи инкишофи худ расида буд, нақши ҳаётан муҳимро бозидааст. Бедил аз худ осори гаронбаҳои назмию насрии зиёде ба мерос гузоштааст, ки он дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии кишварҳо маҳфузанд.
Дар китоби мазкур беш аз дусад адад дастнависҳое низ дарҷ гардидаанд, ки дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд; аз ҷумла “Девони Бедил” “Интихоби девони Бедил”, “Баёзи Бедил”, “Рубоиёти Бедил”, “Муҳити аъзам”, “Тилисми ҳайрат”, “Тури маърифат”, “Маснавии ирфон”, “Чаҳор унсур”, “Руқъаоти Бедил”, ки аксарияташон бо хати шикастаи настаълиқ навишта шудаанд.
Таълифоти проф. Ш.Ҳ. Қосимӣ “Китобшиносии дастхатҳо ва осори чопшудаи Мирзо Абдулқодири Бедил”, ки дорои маълумоти арзишманд оид ба мушаххасоти дастнависҳо ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон ва ғ. мебошад, барои устодону донишҷӯён ва муҳаққиқони осори Бедил муфид мебошад.