Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID дар Осиёи Марказӣ, Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ (Маркази PAS) аз 16 то 18-уми майи соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Табодули таҷриба ва нақшаҳои ояндаи табибони силшинос” семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.
Дар он роҳбарияти вазорат, намояндагони парлумони кишвар, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорон ва блогерҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Аврупои Шарқӣ -Украина, Молдова ва Гурҷистон иштирок намуда, барои ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар пешорӯи Ҷаласаи сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба бемории сил, ки дар моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, имрӯз, зимни иштирок дар чорабинии мазкур аз номи роҳбарияти вазорат ба шарикон оид ба рушд баҳри дастгириҳои пайвастаи соҳаи силшинсоии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо кушишу талош ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир сатҳи гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории сил бамаротиб коҳиш ёфта истодааст.
Дар ин росто, зикр гардид, ки дар кишвар баҳри ташхису табобати гирифторони бемории сил шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.