17 майи 2023 дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк вохӯрии кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти соли 2023) баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат дар чорабинии мазкур, Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаии доимии Шоҳигарии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ва Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ба ҳайси панелистон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба натиҷаҳои Конфронс, аз ҷумла паёмҳои асосии он ва қадамҳои баъдӣ иброз карданд.
Намояндаи кишвар зимни баромади худ дар бораи бомуваффақ анҷом ёфтани Конфронс, аҳаммият ва саҳми назарраси натиҷаҳои он ба равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, Саммити ҳадафҳои рушди устувор (сентябри 2023), 28-ум Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим, Саммити оянда (2024) таъкид кард.