Бинобар иттилои хабаргузории РИА Новости таркиши лӯлаи газ дар байни ноҳияҳои Думайра ва Адраи шаҳри Димишқ боиси қатъ шудани қувваи барқ дар Сурия шудааст.
Вазири энергетикаи кишвари мазкур Зуҳур Харбутли гуфтааст, таркиш дар лӯлаи газе, ки минтақаи ҷануби кишварро таъмин мекунад, “метавонад амали террористӣ бошад.” Мансабдор қайд кардааст, ки дар натиҷаи таркиш се истгоҳ ба кор андохта шуданд. Ба гуфтаи вай, коршиносон барои рафъи оқибатҳои садама кор карда истодаанд.
Дар айни замон, интиқоли барқ тадриҷан барқарор карда мешавад, вазири нафти Сурия Алӣ Ғанем, дар навбати худ, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Иххария” гуфтааст, ки мутахассисони техникӣ аз дақиқаи аввал пас аз таркиш ба корҳои таъмир шурӯъ карданд ва дар давоми чанд соати оянда вазъ ба ҳолати оддӣ бармегардад.