Оё иду ҷашнвораҳои соҳаи кишоварзӣ фақат дар Тоҷикистон аст?

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамасола дар кишвар  як қатор иду ҷашнвора ва  фестивалҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар мамолики олам, чун ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон, Исроил, Кипр,  Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия  таҷлил мегардад.  Коршиносон нақши ин гунна чорабиниҳоро дар самти густариш додани агротуризм бориз медонанд.

Метавон ба ин васила сайёҳони дохилию хориҷиро ба таври васеъ ҷалб кард. Масалан, гурҷиҳо зимни таҷлили иди ангур сайёҳонро ҳатто ба ҷараёни омодасозии мусалласу нўшобаҳои марбут ба ангур   шинос менамоянд. Гузашта аз ин баргузории ин гунна ҷашнвораҳо ба деҳқон нерў мебахшад. Саидҷамол Саидзода-ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки таҷлили ҷашнҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар кишвари мо аз қаъри таърих маншаъ мегирад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Қурбоналӣ Партоев–доктори илмҳои кишварзӣ дар тақвияти андешаҳои коршинос Саидҷамол Саидзода ба ин бовар ҳаст, ки ҳанўз аз гузаштаи дур деҳқонони кишвар бо маъраз гузоштани ҳосили дастранҷашон ҳамингуна идҳоро таҷлил менамуданд.

Вокеан ҳам ин гуна ҷашну идҳо таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукўҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Доктори илмхои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ҷашнхои соҳавии марбут ба кишоварзӣ рўйи кор  омад, ки аз сиёсати некбинонаи аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак дода, меҳри кишоварзонро дучанд менамояд.

Тавре медонем, зимни таҷлили ҷашну фестивалҳои соҳаи кишоварзӣ  масъулин мекушанд, то бо ташкили ярмаркаи фурўши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ташкили намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ сокинонро аз файзи деҳқон баҳраманд гардонанд. Дар ҳамин ҳол Саидҷамол Саидзода-ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки агар бо истифода аз ингуна ҷашнвораҳову фурсати муносиб  шарвандон  ба захираи маҳсулот пардозанд, дар шароити кунунӣ нафъ хоҳанд бардошт.

Таҷлили иду ҷашнвора ва  фестивалҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат басо рамзӣ буда, ҳадафаш дар баробари қадр намудани дастранҷи марди деҳқон, инчунин муаррифии шоистаи неъматҳои табиии кишвар мебошад. Тавре Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, «ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад». Бинобар ин, амалӣ намудани ин гуна чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ѓизоӣ, мусоидат мекунад.

Муродулло Раҳимов

Радиои «Тоҷикистон»

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *