Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба итмом расонидани лоиҳаи сохтмони иншооти НБО “Роғун” Мизи мудаввар бо иштироки ҳайати намояндагони расмии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ баргузор гардид. Дар ин бора хамкорам Машраби Хомаҳмад аз Китобхонаи мазкур иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ дар мизи мудаввари мазкур масъалаҳои техникии иншооти НБО “Роғун” муҳокима гардид, ки дар он бевосита Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Чорабиниро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, оид ба иншооти НБО Роғун ва аҳамияти он барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози андеша намуд.«Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бузургтарин иншоот дар дарёи Вахш буда, дар 110 километр аз шаҳри Душанбе ва тақрибан 70 километр аз НБО Норак ҷойгир аст. НБО Роғун ба муддати дароз танзими оби дарёи Вахшро таъмин карда, истеҳсоли қувваи электрикиро мунтазам зиёд мекунад. Он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар минтақаҳои Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад»-, зикр шуд дар идома. Мавриди зикр аст, ки мизи мудаввар аз 2 то 4 – уми майи соли ҷорӣ идома мекунад.