Даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи (U-17) ба анҷом расид

Аз 26-ум то 30-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «Е» баргузор гардид.

Дар ин марҳила дастаи духтаронаи Кореяи Ҷанубӣ, ки бар дастаҳои Тоҷикистон (16:0) ва Ҳонконг (12:0) пирӯзӣ ба даст овард, ғолиби гурӯҳ гардида, муборизаро дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 идома медиҳанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола:

Гурӯҳи «Е».
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:16
Даври 2-юм
Ҳонконг – Тоҷикистон – 3:0
Даври 3-юм
Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг – 12:0

Сорбон Амонуллозода