Вакилони фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия ба ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи пардохтҳои солона ба оиларо дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл барои як кӯдак барои омодагӣ ба оғози соли хониш ба ҳукумати Русия фиристоданд.
Дар ин бора сарвари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ Ярослав Нилов дар саҳифаи Telegram навиштааст. Бинобар иттилои манбаъ барои хонандаи синфи якум то 1 сентябр то 20 ҳазор рубл дода мешавад, то тавонад ба мактаб биравад. Бо мақсади дастгирии оилаҳо дар ҷараёни ҷамъоварии фарзандон ба мактаб, қонунгузорӣ ба падару модарон (васиён, парасторон) ҳуқуқи гирифтани ҳарсолаи пардохти нақдро дар робита бо оғози соли таҳсил дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл барои ҳар як кӯдак пешбинӣ мекунад”- навиштаст Ярослав Нилов дар саҳифаи Telegram-маш .
Мувофиқи ақидаи муаллифони ташаббускор, меъёри нав, агар қабул карда шавад, аз 1 январи соли 2021 эътибор пайдо мекунад.