Сайру саёҳат кардан ғамро аз дил берун ва табъро шоду чеҳрарро болида мегардонад. Мо ин навбат тасимим гирифтем, ки ба яке аз рустоҳои дилфиребу афсонавӣ ба деҳаи хушманзару хушбоду ҳавои Нилӯи шаҳри Ҳисори нозанин қадам ранҷа намуда, аз урфу одат, шуғл ва зисту зиндагонии мардуми ҳимматбаланди ин гӯшаи биҳиштии диёр бархурдор гардем.
Нисфирӯзӣ буд. Ҳаво чун оби дарё софу беғубор ба чашм мерасид. Мурғони чаман дар ин фазои кушоду барҳаво нағмасароӣ мекарданд. Турнаҳои баланпарвоз бошанд чун занҷира ба ҳам омада, муждае аз фаровонии сол медоданд.
Бо шунидани садои хуши паррандаҳо мо илҳом гирифта, хостем, ба тамошои манзараҳои дилфиреби деҳа равем, ки дар ин фасл басо зебову дилрабо шукуфон шудааст. Масири мо аз Хонаи радио оғоз шуд. Баъд аз берун шудан аз ин макони муқаддас чашмам ба гулгаштҳои Душанбеи азиз афтод. Ҳамаҷо сабзу хуррам, табиат гулпӯшу пойтахт қабои идона ва одамон либосҳои баҳорӣ ба бар карда буданд. Пиру барно ҳама аз омадани баҳори гулафшон ва сабзу муаттар гаштани Тоҷикистони биҳиштосо шоду масрур буданд. Мо низ таҳиягарони барномаи «Хуррамдиёр» бо дидани чунин манзараи диққатрабо ба мошин савор шуда, сафарамонро ба ин деҳаи зебо оғоз намудем. Ронандаи мошин мавҷи Радиои Тоҷикистонро мешунид. Ҳамон лаҳза охири барномаи «Фасоҳати калом»-ро дар пешниҳоди Фарзона Маҳмадиева шунидем. Ӯ атрофи нақши забони модари сухан мегуфт.
Барнома ба анҷом расиду аз ҷониби коргардон таронае дар васфи баҳори дилрабову нозанин пахш гардид. Сарояндаи хушовоз Лоиқ Холов бо эҳсости баланд таронаро зам-зама намуд, ки ҳамагӣ аз шунидани матни оливу тарзи қироати ӯ ҳаловат бурдем. Зери савту наво ва барномаҳои шунидании Радиои Тоҷикистон роҳамонро идома додем. Ду тарафи роҳ дарахтони баланди сояафкану мевадиҳанда ғарқи гул буданд. Булбулони чаман дар шохчаҳои он дарахтон нишаставу бо садои дилнавозашон сабзу хуррам будани диёрро васф мекарданд. Ногуфта намонад, ки соли гузашта низ баҳри суҳбат бо ҳунарманде дар барномаи «Анвори ҳунар» ба деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор сафар карда будем. Вале он вақт, ки фасли тирамоҳ ҳукумрон буд, ҳама ҷо алаккай зард шудаву табиат тағйир ёфта буд. Аммо сафари навбатии мо ба фасли баҳори нозанин рост омад, ки аз дидани манзараҳои зебо лаззат бурдем. Чун ин фаслро беҳуда мавсими гул-гул шукуфоиву зебоӣ ва ё ин, ки «Арӯси сол» унвон накардаанд. Зеро дар ин мавсим табиат қабои сабз ба бар кардаву ҳама ҷо гулпӯшу муаттар мегарданд.
Баъди гузашти дақиқаҳо мо ба дарраи хушбоду ҳавои «Алмосӣ» расидем. Ҳавои тозаву шамоли формаш чун атри хушбӯй ба димоғ мерасид. Воқеан ҳавои хуше баҳри сайру саёҳат дошт, аммо роҳҳои мошингардаш каме фарсудаву корношоям шуда буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо роҳро идома додаву то ба ин гӯшаи зебоманзари диёр расидем. Дар аввал хостем, ки аз таърихи ин деҳа огаҳӣ дошта бошем. Бо тавсияи сокини ин макон Маҳмадалӣ Улуғов мо роҳ пеш гирифтем, ҷониби кулбаи омӯзгори мактаби ин деҳа Муҳаммад Саидаҳмадов. Ӯ яке аз куҳансолтарин сокини ин деҳа буда, солиёни дароз дар таълиму тарбияи хонандагони мактаби деҳааш саҳми бориз дорад. Мавсуф бо мо дақиқаҳо суҳбати самимӣ намуда, аз таърих, фарҳанг, тамаддун, урфу одат, расму оин, шуғлу касбу пешаи мардум ва ранди таълиму тадрис сухан намуд. Ӯ мегӯяд, дар баробари пешаи омӯзгориро интихоб карданаш, инчунин дар рушди ҳунарҳои мардумӣ низ саҳмгузор аст. Номбурда ҳамзамон ба нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал низ машғул аст. Ба иқрори ӯ аз ин навъи ҳашароти манфиатовар метавон фоидаи зиёд ба даст овард.
Баъд аз анҷоми суҳбат аз ҳунарҳои дастранҷи эшон, тарзи кори занбӯрҳо ва боғу токпарвариаш дидан кардем. Муҳаммад Саидаҳмадов инчунин аз корҳои созандагиву бунёдкории далерони деҳа ёдовар шуда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Ба хотири исботи гуфтаҳои ҳамсуҳбатамон ба кӯчаҳои деҳа баромада, тамоми роҳҳои онро дидан кардем. Аксарияти кӯчаҳои ин деҳаи бузург бетонпӯш гардида буданд. Ба қавли чанде аз сокинони ин деҳа солҳои гузашта роҳҳо хеле фарсуда будаанд. Вале имрӯз бошад бо саҳми мардум ва соҳибкорон симои деҳа куллан тағйир ёфта, ба яке аз маконҳои зебову афсонавӣ табдил ёфтааст.
Дашту даман, кӯҳу саҳро, талу теппаҳои деҳаи Нилӯ дар оғӯши гул ҳама сабзпӯш буданд. Гулҳои рангорангу хушбӯй симои деҳаро тағйир дода, ба машоми кас буйи хушеро мерасониданд. Долу дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, гелос, анор, олуча, зардолу, шафтолу, олу ва дигар навъи ниҳолон ҳама гӯлпӯш буданд. Аз гуфтаҳои мусоҳибонам бармеояд, ки шуғли асосии мардуми ин деҳа кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ будааст. Сайркунон ба охири деҳа расидем. Деҳқоне саргами кор буд. Аз таҳти дил меҳнат мекард. Белу каланд гирифта, бехи ниҳолонашро нарм намуда, бо доруву поруҳои минералӣ ба онҳо ғизо медод. Суҳбаткунон ба боғи Абдуалӣ Абдуллоев рафта, тамоми дарахтону ниҳолони мевадиҳандаи ӯро дидан кардем. Дар замини кӯчаки худ тавониста, ки тамоми растаниҳои мевадиҳандаро парвариш намояд. Боғи ободкардаи ӯ дар худ биҳиштеро мемонд. Вақте шахс вориди боғи ӯ мешавад, худро дар дунёи афсонавӣ тасаввур мекунад.
Бо дидани чунин манзараҳои ҳаловатбахш роҳ пеш гирфтем, ҷониби хонаи Акбари Давлат, ки ӯ дар васфи деҳаи худ таронаеро оҳанг баставу пешкаши мухлисонаш намудааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша сурудҳои ин сарояндаи хушовозро мешунидему пайгириаш мекардем, вале аз наздик бо Акбар ҳамсуҳбат шудаву то ба ҳол бо олами овозхонии ӯ ошно нагардида будем. Ӯ моро хушу самимӣ истиқбол гирифт. Зимни суҳбат пай бурдем, ки шавқи овозхонӣ аз кӯдакӣ дар дили ӯ маво гирифтааст. Ҳар боре, ки падараш сурдҳои халқиро зам-зама кардаву машғули кору амале мешудааст, ӯ илҳом гирифта, ба хондани сурудҳо машғул мешудааст.
Бо дидани чунин манзараҳои дилфиребу афсонавӣ ҳаловат бурда, аз урфу одат ва анъанаҳои мардуми ҳимматбаланди деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор бархурдор гардидем. Аз суҳбатҳои самимӣ ва сарироҳии мардуми сарбаланди ин деҳаи хушманзар ба хулосае омадем, ки сокинонаш ҳама бо фазлу хирад буда, баҳри рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу маориф ҳамеша саҳмгузоранд.
Комрони Абдувалӣ
радиои “Тоҷикистон”