Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри Ҷамолиддин Саидзода бо номи “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”, баргузор гардид. Дар ин рӯнамоӣ адабиётшиносону олимон иштирок карда, андешаҳои худро доир ба ин китоб иброз намуданд.
Дар оғози рӯнамоӣ Кароматулло Олимов доктори илмҳои фалсафа, профессор баромад карда, иброз намуд, ки китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” натиҷаи заҳматҳои доимии муаллиф дар таҳқиқи таърихи идеяҳои миллӣ мебошад, ки дар замони имрӯза аҳамияти махсус дорад. Зеро маълум аст, ки бидуни ташаккули ҷаҳонбинии солиму фарҳанги пешрафта ҷомеа ба хатарҳои гуногун метавонад дучор ояд. Аз ин ҷиҳат кореро, ки Ҷамолиддин Саидзода кадааст ва онро идома медиҳад ба талаби замон ва сиёсати миллии мо ҳамоҳанг мебошад.
Дар идомаи рӯнамоӣ Аскар Ҳаким доктори илмҳои филологӣ, профессор суханронӣ намуда, гуфт, ки ҳамаи он мақолаву асарҳое, ки Ҷамолиддин Саидзода дар тӯли 15 соли охир навиштаанд ман мутолиа намуда будам ва дар китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” ҳамаи онҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, доираи мавзӯи ин китоб хело зиёд буда, муҳимтарин масъалаҳои шеър ва адабиёт дар замони гузаштаю ҳозира дар мақолаҳои он баён шудаанд.
Ҳамчунин дар рӯнамоии китоби тозанашри Ҷамолиддин Саидзода бо номи “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” Абдулҳай Муҳаммадаминов доктори илмҳои филологӣ, профессор баромад намуда, изҳор доштанд, ки ин китоб аз нигоҳи тадқиқоти илмӣ ва аз нигоҳи муҳтаво як падидаи тозаи фарҳангӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз китоби мазкур натанҳо барои доираи маҳдуди адабиётшиносон, балки барои тамоми қишрҳои ҷомеа зарур ва судманд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷамолиддин Саидзода адабиётшиноси маъруфи кишвар буда, китоби тозанашри ӯ бо номи “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” аз се китоб ва 8 боб иборат буда, дар он оид ба шуҳрати “Шоҳнома”, масъалаҳои хираду дониш, мақоми сухан ва таъсири каломи Фирдавсӣ, рӯҳи миллӣ, муносибати Фирдавсӣ бо равияи шуубия ва шоирони пеш аз худаш чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва баъдина чун Унсурӣ Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон, изҳори назар шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”