Имрӯз, 28-апрел Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
Ҳайати меҳмонони КФО-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноибони президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов пешвоз гирифтанд.
Роҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.
Инчунин, рӯзи 2-май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар ин Конгресс президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа иштирок мекунанд.