29 марти соли 2023 бо ташаббуси муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона сарварони ниҳодҳои давлатӣ, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Ҳамбург, гуруҳи ҳамватанон ва намояндагони дигао миллатҳо аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин бо истинод ба ҷашни байналмилалӣ шумор рафтани Наврӯзи аҷам, таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро бо муҳтавои чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар”, ки 21 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин барномаи ҳунарии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик доир гардид, ҷалб намуд.
Барномаи рангини консертии ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур ва Хайрулло Дадобоев бо оҳангҳои дилошӯби наврӯзӣ ба маҳфил ҳусну таровати тоза зам карданд.
Ҳамчунин, гуруҳи ҳунарии муқими шаҳри Ҳамбург ҳамроҳи санъаткорони тоҷик бо суруду рақсҳои ҷаззоб табъи ҳозиринро болида сохтанд.