Боронҳои пуршиддати шабонарӯзи гузашта дар баъзе навоҳии кишвар зарар расонданд. Селҳо харобиҳо ҳам ба бор оварданд, талафоти ҷонӣ набудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Чунончӣ манбаъ шарҳ додааст 2 апрели соли тахминан соати 17:00-17:10 дар натиҷаи боронҳои зиёд сел ҳудуди кӯчаи Зуҳали шаҳри Хуҷандро фаро гирифт.
Тахминан соати 23:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар миёни лою лойқаи зиёд ду мошини тамғаи “Газел”-ро берун кашиданд.
Ҳамчунон бо талоши имдогарон қисмате аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз шаҳри Хуҷанд убур мекнуад аз лойобаву селовардаҳо поккорӣ шуд.
2 апрели соли 2023 соати 17:00 бар асари боронҳои пайдарпай дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сел омад. Дар натиҷа ба ду килеметр роҳи дорои аҳамияти маҳаллидошта зарар расид, як хонаи истиқоматӣ қисман зери об монд, ду молхона ва бахше аз майдони боғи зардолу низ қисман зарар дид.
Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ омданаи сел ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин, 2 апрели соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз ҳудуди марзи Ҷумҳурии Қирғизистон сел омад ва лойоба наздик ба 200 метр роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро пӯшонд.
Селҳо талафоти ҷонӣ надоштанд.
Барои бартараф кардани паёмадҳои сел ва муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар минтақаҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда фаъолият доранд.