Аз 31-уми март то 2-апрел дар кишвари Туркия мусобиқаи ANTALYA GRAND SLAM-2023 баргузор гардид, ки барои ҷудокорни тоҷик бенатиҷа ба поён расид.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617-варзишгар (357-мард, 260-зан) аз 85-кишвари ҷаҳон номнавис гардида буданд.
Миёни ин ҷудокорон Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, 5-варзишгар намояндагӣ карданд.
-60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-66кг Обид Ҷебов
-73кг Беҳрӯз Хоҷазода
-81кг Шодмон Ризоев
-90кг Ҷаҳонгир Маҷидов
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа ду ҷудокор Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60кг) ва Обид Ҷебов (-66кг) намояндагӣ карданд.
Аввалин шуда Муҳаммадсолеҳ Қуватов дар вазни -60кг бо ҷудокори ӯзбек Дилшодбек Баротов нерӯсанҷӣ намуда шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Ҷудочии дигари кишвар Обид Ҷебов бошад дар вазн -66кг ҳунари хуб нишон дода, баъди ду пирӯзӣ ҳунарнамоиҳояш ба охир расид. Обид Ҷебов дар даври аввал тавонист Густав Броволдро аз Норвегия бо имтиёзи иппон мағлуб намуда, роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намояд.
Обид дар даври дуюм қаҳрамони Бозиҳои Олимпии Рио де Жанейро ҷудокори итолиёвӣ Фабио Басилеро бо имтиёзи иппон мағлуб карда, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври 1/8 финал Обид Ҷебов дар як рақобати сангин аз ҷудокори бразилӣ Виллиан Лима мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Ҳарчанд дар ин рақобат ҷудокори тоҷик нисбат ба ҳариф бартарият дошт, лекин довар дар дақиқаҳои тиллоӣ ба ӯ огоҳии сеюмро нишон дод ва роҳи Обид дар ин давр ба охир расид.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа ду ҷудокор, Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Шодмон Ризоев дар вазни -81кг дар даври аввал аз варзишгари Португалия – Жоау Фернандо шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Варзишгари муваффақи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи ANTALYA GRAND SLAM-2023 дар вазни -73кг рақобатҳоро хуб оғоз кард. Ӯ дар даври аввал муқобили Валттери Олин аз Финляндия зафар ёфта, дар даври дуюм Коен Ҳегро аз Нидерландия шикаст дод ва ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Беҳрӯз дар як рақобати сахту сангин муқобили Игор Вандтке аз Олмон бо имтиёзи вазарӣ мағлуб гардида, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Рӯзи охири мусобиқа низ барои ҷудочиёни тоҷик бенатиҷа ба поён расид. Дар рӯзи сеюм Тоҷикистонро ҷудокори варзидаи кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг намояндагӣ кард. Дар даври аввал Маҷидов бо варзишгари Олмон Мартин Маттийас қувваозмоӣ намуд. Рақобати ин ду ҷудокор то ба вақти тиллоӣ давом ёфт ва Маттийас дар лаҳзаҳои тиллоӣ тавонист вазарӣ кор кунад ва ба даври баъди роҳхат гирад. Ҷаҳонгир бошад аз идомаи рақобатҳо бенасиб гашт.
Ҳамин тариқ мусобиқаи ANTALYA GRAND SLAM-2023 барои ҷудочиёни тоҷик бенатиҷа ба поён расид.