Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” санаи 2 апрели соли 2023 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор шуд.
Фестивали имсола ба ифтихори 145-солагии мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Дар даромадгоҳи китобхона намоиши китобию матбуоти даврӣ, дастовардҳои илмию варзишии кӯдакону наврасон ва намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ташкил карда шуда, меҳмонон аз он дидан намуданд.
Дар оғоз, аз ҷониби муҳассилини Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев гимни фестивал садо дод.
Сипас, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода суханронӣ карда, ҳозиринро бо ин ҷашни китоб табрику шодбош гуфта, вобаста ба ҳадафу мароми баргузории фестивал ибрози назар намуд.
Аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳамзамон, котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, адибони маъруф Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева, Юсуф Аҳмадзод ва дигарон суханронӣ карда, вобаста ба китобу китобдӯстӣ ва суннатҳои неки китобдорӣ, рушди адабиёти бачагона ибрози андеша карданд. Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ва ҳаваскорони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ манзур гардид.
Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, дар доираи он озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст”, озмуни беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони “Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст”, озмуни “Хонандаи фаъолтарин”, озмуни “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, озмуни ” Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд” ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки фестивали мазкур санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамъбаст мегардад.