Истаравшан: Баргузории маҳфили илмӣ- адабии “Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ”

Бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ” баргузор гардидааст.

Ба иттилои Маркази матбуоти раиси вилояти Сӯғд, дар маҳфил намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  фаъолон, собиқадорони меҳнат, шоиру нависандагон, мудирони шуъбаю бахшҳо,  намояндагони мақомти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони шаҳрӣ, аъзои Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, Шӯрои занон, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маҳфил таъкид гардид, ки бо шарофати дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занону модарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, имрӯз занон дар иҷрои рисолати худ содиқанд, баробари модари ғамхору ҳамсари бовафою порсо будан, ҳамзамон вазифаҳои муҳими давлатиро ба дӯш дошта, софдилона ва содиқона дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият доранд.

Ҳамзамон дар рафти маҳфил аз ҷониби шоираҳо Раънои Сафарзод ва Раънои Зоирдухт шеърҳо дар васфи Зан – Модар, ватан, Истиқлолият,  сулҳу ваҳдати миллӣ қироат карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар пешкаши иштирокдорон гардид.

Ҳамзамон 2 нафар собиқадорони меҳнат, аъзоёни Шӯрои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Саломат Додоева ва Ӯлмасова Раъно бахшида ба Рӯзи Модар аёдат карда шуда, туҳфаҳои Раиси вилоят тақдим карда шуд.