Ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов голи аввалинашро дар ҳайати дастаи «Персеполис»-и Эрон ба самар расонид.
Бошгоҳи «Персеполис» дар даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии Эрон дар меҳмонӣ бар дастаи «Трактор» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард. Футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов бошад дар дақиқаи 90+5 муаллифи голи ғалабаовар гардид.
Бояд қайд намоем, ки баъд аз даври 22-юми Чемпионати Эрон дастаи «Персеполис» бо касби 45-имтиёз, як хол камтар аз бошгоҳи «Сипоҳон» дар ҷойи дуюми ҷадвал мавқеъ гирифтааст.