Дар асоси муроҷиати электронии як нафар ронандаи автомашинаи мусофиркаш, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва напардохтани ҳақи роҳкиро се нафар ҷавонони авбош дастгир карда шуданд.
Дар ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, изофа мекунад, ки инҳо, шаҳрванд Сафаров Меҳроҷиддин Сайфиддинович, санаи таваллудаш 27.02.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бахтобод, Маҳмадраҳимов Парвиз Маҳмадраҳимович, санаи таваллудаш 25.11.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сана ва Муқимов Шаҳбоз Бароталиевич, санаи таваллудаш 01.02. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, аз навори ирсолнамуаи муроҷитакунанда ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, номбурдагон санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 дақиқа аз кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе ба автомашинаи мусофиркаш нишаста, дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соати 21:50 дақиқа сайру гашт намудаанд. Ҳангоми ба назди беморхонаи “Истиқлол” расидан, маблағи роҳкиро, ки 100-сомониро ташкил додааст, ки номбурдагон аз пардохт кардани маблағ саркашӣ намуда, ҳамзамон ронандаро латукӯб кардаанд.
Гуфта мешавад, дар кирдорҳои номбурдагон, ки дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд, баръало аломатҳои ҷинояти авбошӣ дида мешавад. Вобаста ба ин, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишоти пешакӣ идома дорад.