Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҷаласаи нахустини Шӯрои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо сарпарастии Вазорати маориф ва илми ҶТ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аз 46 нафар аъзо 42 нафари онҳо иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа Ҷамшед Ҷуразода, муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ баромад намуда, қайд кард, ки ҳадафи асосии Шӯрои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пеш аз ҳама амалигардонии вазифаҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони соҳаи маорифи кишвар ва танзими фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Дар идомаи ҷаласа Дониёр Сангинов, муовини ретор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамчун раиси Шӯро интихоб карда шуд. Ҳамзамон дар ҷаласа муовини раиси Шӯро ҳам интихоб карада шуданд, ки онҳо Абдуллозода Рамазон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Сафархон Рафиев муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А. Рӯдакӣ ва Фарҳод Шарофов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа вобаста ба масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии зертобеи вазорати Маориф ва илми ҶТ дар вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе” Бадриддин Музаффарзода, сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм баромад карда, таъкид намуд, ки ҳамасола аз тарафи буҷети давлати ба соҳаи илм ва маориф маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд ва имсол бошад барои соҳаи илм дар маҷмуъ 188,6 миллион сомони ҷудо карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷаласаи нахустини Шӯрои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бори аввал аст, ки баргузор гардида, вазифаи асосии он таҳлилу пешниҳодҳо вобаста ба рушди илм ва инноватсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми ҶТ, арзёбӣ карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон“