Шарифҷон Ҳакимзода дар хусуси «Нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ дар асоси мероси умумии таърихию фарҳангӣ» баромад намуд.
Имрӯз муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимзода Шарифҷон дар Форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар мавзӯи «Нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар асоси мероси умумии таърихию фарҳангӣ» дар назди иштирокчиёни форуми мазкур баромад намуд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба Радиои Тоҷикистон хабар дод.
Ба таъкиди манбаъ, Шарифҷон Ҳакимзода зимни баромади хеш иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар асоси усул ва принсипи асосии «дарҳои боз» бо 180 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқу фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар охири соли 1992 ва аввали соли 1993 барқарор шуда буданд.
Дар давраи равобити дипломатӣ миёни кишварҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди шарикӣ, эътимод ва эҳтироми тарафайн ба даст омад.
Сатҳи баланди муносибатҳоро заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 500 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад, тасдиқ мекунад.
Рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои минтақа дар муносибатҳои мавҷуда авлавиятнок боқӣ мемонад.
Дар доираи муносибатҳои дипломатӣ ба рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мунтазам чорабиниҳо ва лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ доир карда мешаванд.
Ташкили форумҳо, фестивалҳо, консертҳо, рӯзҳои фарҳангу кино, инчунин баргузории намоишгоҳҳо, семинарҳои илмӣ, конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангию гуманитарӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Масалан, моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе табодули филмҳои фарҳангӣ, ифтитоҳи ботантанаи «Рӯзҳои синамои қазоқ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстонаи байни халқҳои мо ва густариши робитаҳои филмсозон ва соҳаи кино саҳми босазо гузошт.
Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии кишварҳои минтақа тайи се соли ахир форумҳои ҷавонон, занон, адибони ҷавон, ҷашнвораҳои таомҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудаанд, ки метавон ҳамчун қадами муҳим ва бомуваффақият дар ташаккули платформа барои устувор намудани боварӣ ва дӯстии байни мамлакатҳоямон арзёбӣ намуд.
Баргузории мунтазами чорабиниҳои фарҳангии мутақобила бо иштироки ходимони фарҳангу ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин ҷода баргузории рўзҳои фарҳангӣ аҳамияти калон дорад ва он сол аз сол ба дараҷаи сифатан нав мебарояд.
Бо назардошти он, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихан ба як минтақаи ягона тааллуқ дошта, таърихи муштарак, фарҳангу расму оинҳои якхела, эътиқоди ягонаи динӣ доранд, баргузории фестивалу конфронсҳо ба ҳамкориҳои гуманитарӣ мусоидат мекунанд. Махсусан, баргузории симпозиумҳои байналмилалӣ бахшида ба солгарди бузургдошти мутафаккирон, аз қабили Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Берунӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Махдумқулӣ, Садриддин Айнӣ, Джамбул Джабаев, Абай Кунанбаев, Чингиз Айтматов ва бисёр дигарон дар тарғиби ҷаҳонбинии адабӣ ва гуманизм мусоидат менамоянд.
Баргузории чунин форумҳо дар самти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи фарҳанг хидмати худро идома дода, ба рушди соҳаҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ ва баланд бардоштани мақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Шарифҷон Ҳакимзода ҳамчунин иброз намуд, ки боиси хушнудист, ки дар ин замина ба унвони нишони дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони арзандаи ду халқи бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд боғҳои фарҳангу фароғатӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи шоирон мутафаккирони асри XV Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ қомат афрохтаанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкории мутақобила дар соҳаи маориф мебошад.
Ҳамин тавр, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба навсозии таҳсилоти олӣ ва мундариҷаи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири назаррас расонидааст.
Ба шарофати ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии ин минтақа оид ба таҳияи нақшаҳои таълимӣ маводҳои нави таълимӣ таҳия ва технологияҳои муосир барои самараноктар намудани таълим ҷорӣ карда шуданд.
Кишварҳои минтақа ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ бештар ҳамгиро шудаанд. Масалан, табодули донишҷӯён дар доираи лоиҳаи «Ҳаракати академӣ» ба рушди касбии захираҳои инсонӣ мусоидат намуда, иқтидори ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии ширкаткунандаро афзун намуд.
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз арзишҳои беназири фарҳангию гуманитарӣ бо хусусиятҳои муштарак бой буда, дар рушди мероси фарҳангии ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунанд.
Фикр мекунем, ки мувофиқи талаботи ҷаҳони муосир вақти он расидааст, ки бо истифода аз иқтидори дипломатияи мардумӣ, парлумонҳо ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими муносибатҳои бародаронаи кишварҳоямон ва рушди минбаъдаи фазои муштараки фарҳангию гуманитарӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Умедворем, ки робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар таҳкими бахшҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии муносибатҳои мо нақши муҳим хоҳанд дошт, – гуфт дар фарҷом Шарифҷон Ҳакимзода.