Дар пойтахти Белорусия шаҳри Минск марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ба анҷом расид. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) аз рӯи натиҷа, дар гурӯҳи «В» ҷойи дуюмро касб кард ва акнун барои медалҳои биринҷии мусобиқа мубориза мебарад.
Дастаи Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Рушд-2023 бо дастаҳои Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ ва бар тими Эрон (3:1) ғалаба ба даст овард. Тими наврасони кишвар бо 5-имтиёз дар гурӯҳ ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Дар гурӯҳи «В» тими наврасони Русия (U-17) бо бартарии 7-хол бартарӣ дошт.
Ба ин тартиб, дар рӯзи бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» рӯзи шанбеи 11-феврал дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) бо тими Русия (U-16) рақобат мекунад. Вохӯрӣ соати 16:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар бозии ниҳоии мусобиқа тимҳои ҷавонони Қазоқистон ва Русия бо ҳам вомехӯранд.